Кӣ 6 июл таваллуд шудааст?
– 1818 – Адольф Андерсен (1879) – шоҳмотбози машҳури олмонӣ.
– 1859 – Вернер фон Хайненштам (1940) – шоир ва нависандаи шведӣ, барандаи ҷоизаи Нобел (1916).
– 1877 – Алексей Ремизов (1957) – нависандаи рус.
– 1886 – Аннет Келлерман (1975) – актрисаи синамои австралиягӣ.
– 1898 – Ҳанс Эйслер (1962) – оҳангсози олмонӣ.
– 1903 – Аксел Ҳюго Теорелл (1982) – биохимики шведӣ, барандаи ҷоизаи Нобел (1955).
– 1907 – Фрида Кало де Ривера (1954) – рассоми мексикоӣ, ки бо худпортретҳояш машҳур аст.
– 1923 – Войсех Ярузелский (2014) – Президенти Лаҳистон аз соли 1981 то 1990.
– 1926 – Рашидов Ғуломқодир (2020) – муаррих, Ходими шоистаи илми Узбакистон (1989).
– 1930 – Герберт Эрхардт (2010) – футболбози олмонӣ, Чемпиони ҷаҳон 1954.
– 1931 – Антонелла Луалди – актрисаи синамои итолиёвӣ.
– 1935 – Тензин Гятсо – 14-ум Далай Лама.
– 1937 – Ада Роговцева – ҳунарпешаи украинӣ.
– 1940 – Нурсултон Назарбоев – 1-умин президенти Қазоқистон (1990-2019).
– 1946 – Ҷорҷ Буш – собиқ президенти ИМА (2001-2009).
– 1946 – Силвестр Сталлоне – актёри синамои амрикоӣ.
– 1948 – Натали Бэй – ҳунарпешаи филми фаронсавӣ.
– 1950 – Султон Раҳмонов – варзишгар, қаҳрамони олимпии соли 1980.
– 1951 – Қурбонов Шукур – шоир, тарҷумон.
– 1960 – Раҳим Каримов – нависандаи узбек-қирғиз-русӣ, шоир, публицист, тарҷумон, сенариянавис, рӯзноманигор.
– 1987 – Кит Нэш – овозхони англис.
– 2003 – Пӯлотхоҷа Холдорхонов – футболбози узбек, ҳамлагари дастаи футболи то 20-солаи Ӯзбекистон.
– 2004 – Кортни Ҳадвин – овозхони англис, таронасаро.