12 феврал кӣ таваллуд шудааст?
– 1074 – Конрад (1101) – Шоҳи Олмон (1087 – 1098) ва Италия (1093 – 1098).
– 1804 – Эмил Ланс (1865) – физик ва муҳандиси электрики рус, академики Академияи илмҳои Петербург (1830).
– 1809 – Чарлз Дарвин (1882) – табиатшиноси англис, муаллифи назарияи муосири эволютсия.
– 1809 – Авраам Линколн (1865) – 16-умин президенти ИМА (1861-1865), қаҳрамони миллӣ, ки ғуломиро дар Иёлоти Муттаҳида барҳам дод.
– 1877 – Луи Рено (1944) – саноатчии фаронсавӣ, яке аз бунёдгузорони ширкати Renault.
– 1879 – Елена Рерих (1955) – файласуф, нависанда, арбоби ҷамъиятии рус.
– 1900 – Василий Чуйков (1982) – фармондеҳи низомии шӯравӣ, қаҳрамони ҷанги Сталинград, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, маршал.
– 1923 – Галия Измайлова – раққосаи балет, балетмейстер. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (1951).
– 1940 – Зиёмуҳаммадов Садриддин – Ҳунарпешаи театр ва кино, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон (1990).
– 1941 – Деннис Салливан – математики амрикоӣ.
– 1947 – Абдуллоев Рустам – оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1997).
– 1949 – Ашраф Ғанӣ – иқтисоддон ва антрополог, президенти Афғонистон (2014-2021).
– 1954 – Филипп Циммерман – барномасози амрикоӣ, асосгузори PGP.
– 1959 – Шагаев Эркин – чемпиони олимпӣ оид ба туббозӣ дар об (1980).
– 1975 – Регла Торрес – волейболбози кубагӣ, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (1992, 1996, 2000), қавитарин волейболбози зани асри 20.
– 1980 – Кристина Риччи – актриса ва продюсери амрикоӣ.
– 1991 – Мартин Граэл – яхтсбози бразилӣ, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ.
– 1993 – Ҷенифер Стоун – актрисаи синамои амрикоӣ.
– 1993 – Анаис Шевалье-Буше – биатлончии Фаронса, барандаи медали Бозиҳои олимпӣ.