Кӣ 2 декабр таваллуд шудааст?
– 1728 – Фердинандо Галианӣ – иқтисоддони итолиёвӣ.
– 1825 – Кришянис Валдемар (1891) – нависанда, фолклоршинос ва маорифпарвари латышӣ.
– 1825 – Педро II (1891) – императори дуюм ва охирини Бразилия (1831-1889).
– 1837 – Ҷозеф Белл (1911) – ҷарроҳи бритониёӣ, прототипи Шерлок Холмс.
– 1859 – Жорж-Пьер Сеура – рассоми фаронсавӣ, асосгузори неоимпрессионизм.
– 1885 – Ҷорҷ Мино (1950) – патофизиолог ва гематологи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобел (1934).
– 1898 – Индра Лал Рой (1918) – халабони ҳинду, иштирокчии Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ.
– 1921 – Рамз Бобоҷон (2008) – шоир ва драматург, Шоири халқии Ӯзбекистон (1981).
– 1923 – Мария Каллас (1977) – сарояндаи операи амрикоӣ.
– 1946 – Носир Муҳаммад – шоири узбек.
– 1946 – Ҷанни Версаче (1997) – тарроҳ ва дизайнери мӯди итолиёвӣ.
– 1948 – Антонин Паненка – футболбози чех, қаҳрамони Аврупо (1976).
– 1973 – Моника Селес – теннисбози касбии амрикоӣ.
– 1978 – Нелли Фуртадо – овозхони канадагӣ, таронасаро, сознавоз, продюсери сабт ва актриса.
– 1981 – Бритни Спирс – сарояндаи попи амрикоӣ, таронасаро, актриса.