6 июл кадом рӯйдодҳо рух доданд?
👉 ИДҲО:
🇺🇳 Рӯзи байналмилалии кооперативҳо.
🌏 Рӯзи ҷаҳонии бӯса.
👉 ИДҲОИ МИЛЛӢ:
🇰� Қазоқистон – Зодрӯзи Президенти Аввал.
🇧🇾 Беларус, 🇷🇺 Русия, 🇺🇦 Украина – Рӯзи Днепр.
🇨🇱 Чили – Рӯзи дарахтшинонӣ.
🇵🇪 Перу – Рӯзи муаллимон.
🇲🇼 Малави – Рӯзи истиқлолият.
🇩🇰 Дания – Рӯзи ҷанги Фредерисия.
🇱🇹 Литва – Рӯзи давлатдорӣ.
🇫🇮 Финландия – Рӯзи Эйно-Лейно
🇰🇿 Қазоқистон – Рӯзи пойтахт.
👉 РӮЙДОДҲО:
– 1325 – Дар Гранада, Муҳаммад ибни Исмоил фармон медиҳад, ки амакаш Исмоили I кушта шавад. Муҳаммади IV ҳокими нави Гранада мешавад.
– 1370 – Амир Темур дар Самарқанд анҷуман баргузор мекунад.
– 1415 – Раҳбари протестанти чех Ян Ҳус дар оташ сӯхта мешавад.
– 1483 – Ричард III ба тахти Англия нишаст.
– 1785 – Доллар ба асъори миллии Иёлоти Муттаҳида табдил меёбад.
– 1809 – Наполеони I Поп Пийси VII-ро аз Ватикан ба Гренобл меорад.
– 1819 – Дар Париж як пуфаки ҳавоӣ оташ гирифт ва хонум Бланшарро кушт.
– 1880 – Рӯзи Бастилия ҷашн гирифта шуд.
– 1885 – Луи Пастер ваксинаи зидди девонагиро бомуваффақият санҷиданд.
– 1918 – Инқилобчиёни чапи сотсиалистӣ дар Маскав шӯриши мусаллаҳона барпо карданд.
– 1919 – Дирижабл аз болои уқёнуси Атлантик парвоз кард.
– 1928 – Нахустин намоиши филми пурраи садоӣ дар ҷаҳон дар Ню Йорк баргузор шуд.
– 1960 – Хурали бузурги халқӣ Конститутсияи нави сотсиалистии Ҷумҳурии Халқии Муғулистонро қабул кард.
– 1961 – СССР ва КХДР Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила имзо карданд.
– 1964 – Малави истиқлолият эълон кард.
– 1975 – Коморҳо истиқлолият эълон карданд.
– 1987 – 15-умин Фестивали филмҳои Маскав кушода шуд.
– 1997 – Пойтахти Қазоқистон аз Алмаато ба Остона кӯчонида шуд.
– 2000 – Дар Кортрейки Белгия муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино кушода шуд.
– 2003 – Паёми рамзӣ – Даъвати кайҳонӣ – бо истифода аз телескопи радиоии RT-70 дар наздикии Евпатория ба якчанд ситораҳои навъи офтобӣ интиқол дода шуд.
– 2012 – Обхезӣ дар қаламрави Краснодар.