15 фоидаи хондани китоб!
📌 Китоб хондан асабҳоро ором мекунад.
📌 Китобхонӣ барои аз бехобӣ халос шудан кумак мекунад.
📌 Хондан дилро нарм мекунад.
📌 Хондан фаъолияти майнаро беҳтар мекунад.
📌 Хондан дар мубориза бо депрессия кумак мекунад.
📌 Хондан инсонро зебо мекунад.
📌 Хондан барои фаҳмидани ҳадафи худ дар зиндагӣ ва рафъи душвориҳо кумак мекунад.
📌 Одамоне, ки китоб мехонанд, дар зиндагӣ фаъоланд.
📌 Хондан хотира ва тафаккурро беҳтар мекунад.
📌 Хондан захираи луғатро зиёд мекунад.
📌 Хондан маҳорати навиштанро инкишоф медиҳад.
📌 Хондан омӯзиши забони хориҷиро осонтар мекунад.
📌 Хондан маҳорати гӯш карданро инкишоф медиҳад.
📌 Хондан эҷодкориро инкишоф медиҳад.
📌 Хондан ба некӣ ташвиқ мекунад.