Маълумоти ҷолиб дар бораи Наврӯз
Наврӯз (порсӣ nwrwz – “рӯзи нав”) ҷашни баҳор ва рӯзи аввали соли нав дар мардуми форсу турк аст.
🔹Калимаи “Навроз” дар тарҷума аз форсӣ ба маънои “рӯзи нав” аст.
Наврӯз дар Эрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз 21 март ва дар Қазоқистон 22 март ҷашн гирифта мешавад.
30 сентябри соли 2009 «Наврӯз» аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил карда шуд.
🔹23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон шуд.
🔹Мардуми форсу турк дар Эрон, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Озарбойҷон, Баҳрайн, Лубнон, Покистон, Ҳинд, Тоҷикистон, Туркия, Албания, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар ҷойҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд.