Кӣ 10 декабр таваллуд шудааст?
– 1798 – Александр Брюллов (1877) – меъмори рус, рассом.
– 1804 – Якоби Карл Густав Якоб (1851) – математики олмонӣ, функсияи тета ва функсияи трансценденталиро ба илм ворид кардааст.
– 1815 – Аугуста Лавлейс (1852) – математики англис, аввалин барномасози зан, духтари Лорд Байрон.
– 1821 – Николай Некрасов (1878) – шоир, нависанда ва публитсисти рус, намояндаи адабиёти классикии рус.
– 1890 – Аҳмад Закӣ Валидии Туғон (1970) – Бошқирд, яке аз пешвоёни ҷунбиши миллии озодихоҳии халқҳои турк, шарқшинос ва туркшинос, доктори фалсафа (1935), арбоби низомӣ ва сиёсӣ.
– 1891 – Нелли Сакс (1970) – шоири олмонӣ, барандаи ҷоизаи Нобел (19660.
– 1901 – Карандаш, Михаил Румянцев (1983) – рассоми сирки шӯравӣ (масхарабоз), актёр, Ҳунарпешаи халқии СССР.
– 1907 – Сидни Фокс – Ҳунарпешаи амрикоӣ
– 1918 – Анатолий Тарасов (1995) – бозигари хоккей ва мураббии футболи шӯравӣ, Устоди шоистаи варзиши СССР.
– 1923 – Абдураҳим Муҳамедов – Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон.
– 1934 – Ҳовард Мартин Темин (1994) – вирусологи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобел (1975).
– 1944 – Собир Каримҳоҷӣ – оҳангсоз.
– 1944 – Нуралиев Ҳайдаралӣ – Рассом, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (1998).
– 1973 – Габриэла Елена Спаник Ултерра – ҳунарпешаи машҳури венесуэлӣ.
– 1977 – Андреа Ҳенкел – биатлончии олмонӣ, ду карат қаҳрамони олимпӣ ва 8 карат қаҳрамони ҷаҳон.
– 1987 – Каримҷонов Рустам – муовини вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
– 1987 – Гонсало Херардо Игуаин – футболбози аргентинӣ.